Вазорат мегӯяд шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар кишвар ба 5272 нафар расид. Зангҳои телефонӣ ба телефонҳои боварӣ ҳам кам шудаанд
Чоп шуд: 18/06/2020 | redaktorВазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шумори гирифторон ба вируси корона дар Тоҷикистон ба 5 ҳазору 292 нафар расидааст. Дар хабаре, ки ҳамин чанд лаҳза пеш дар сомонаи ин ниҳод интишор ёфт, гуфта мешавад, ки аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 18 июн 5279 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидаанд. Манбаъ гуфт, ки то кунун дар мамлакат 3762 (71.2%) нафар шифо ёфта, аз ин беморӣ 51 нафар фавтидаанд.