Шонздаҳ нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиши якрӯзаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ҳангоми ҳамагирии коронавирус ширкат карданд. Ин омӯзиш аз ҷониби мутахассисон Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ роҳандозӣ шуд.
Ҳадафи ин омӯзиш мусоидат ба дарёфти тозатарин иттило барои кормандони КҲФ ҷиҳати кор бо аҳолӣ ҳангоми авҷи коронавирус мебошад.
Табиб Самандар Гулшоев, ки ин омӯзишро сарварӣ мекард, дар бораи моҳияти давраи омӯзишӣ муфассал нақл намуд ва аз ҷумла гуфт: “Аз сабаби он ки кормандони КҲФ иртиботи мустақим бо қишрҳои мухталифи аҳолӣ доранд, онҳо бояд ҳамеша ва пурра омодаи он бошанд, ки худ ва атрофиёнро аз авҷи сирояти коронавирус ҳифз кунанд”.
Дар ин омӯзиш бо равишҳои хос иттилои умумӣ дар бораи коронавирус, ҳамагирӣ (пандемия) таърихи беморӣ, нишонаҳо ва шеваҳои табобати KOVID-19 ироа шуд.
Ба ширкаткунандагон ҳамчунин дар бораи чораву тадбирҳои эҳтиётӣ ҳангоми тақсими ёриҳои башарӣ ва воситаҳои ҳимояи фардӣ маълумот дода шуд.
Яке аз иштирокдорони ин омӯзиш Тоҷиддин Раҷабов изҳор дошт, ки маълумоти ироашуда имкон медиҳад дар бораи вокуниши фаврӣ ҳангоми пандемия зиёдтар донем. “Он чӣ мо тӯли рӯз фаҳмидем, маълумоти иловагие ба малакаҳову маҳоратҳои мо зам мекунад ва вокуниши моро дар ҳолатҳои фавқулодда бештар аз пештар самаровар ва бехатар мегардонад”,-гуфт ӯ.
Ин гуна дарсҳои омӯзишӣ дар Рашт ва Хоруғ низ баргузор мешаванд, ки кормандони КҲФ ширкати фаъолона хоҳанд дошт.