CОVID-19 – Тоҷикистон: Сироятшудагон 4763 нафар, шифоёфтагон 2947 нафар
Чоп шуд: 10/06/2020 | adminБино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соати 18:00 дақиқаи 10 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4763 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави CОVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то имрӯз дар мамлакат 2947 (61,8%) нафар шифо ёфтаанд. Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки то кунун аз ин беморӣ дар кишвар 48 нафар ҷони худро аз даст доданд.