Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соати 18:00 дақиқаи 10 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4763 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави CОVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то имрӯз дар мамлакат 2947 (61,8%) нафар шифо ёфтаанд. Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки то кунун аз ин беморӣ дар кишвар 48 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Дар хабари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, ки то имрӯз дар кишвар 1002 нафар зери назорати табибон қарор дошта, давоми шабонарӯзи гузашта 132 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Дар як хабари дигар Вазорати тандурустии кишвар гуфтааст, ки имрӯз, 10 июни соли равон як гурӯҳ мутахассисони соҳаи тибби Лоҳистон аз Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” боздид ба амал оварданд.Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави КОВИД-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маврид ба зикр аст, ки 8 июни соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷуҳмурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи калони табибони Лаҳистон мулоқот кардааст ва аз аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Лаҳистон ёдовар шуда, ташрифи табибони ин кишварро ба мамлакат идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.
Дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони Лаҳистон ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 мебошад.
Қарор аст гурӯҳи табибони Лаҳистон ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.