СOVID-19: Шумори мубталоён ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 5221 нафар расид.
Чоп шуд: 17/06/2020 | adminВазорати тандурустии Тоҷикистон аз ифшои 61 бемори нави гирифтори коронавирус КОВИД-19 хабар дод. Манбаъ мегӯяд аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 17 июн дар мамлакат 5221 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида ва то кунун аз ин беморӣ 3700 (70.8%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 51 нафар фавтидаанд.