Бо фаро расидани тобистон ҷунбуҷӯш дар соҳили обҳо ҳам шуруъ мешавад. Табиист, ки гармо одамонро бештар ба соҳилҳои кӯлу дарёҳо мебарад ва баробари истироҳату фароғат баъзе таҳдидҳои амниятӣ низ вуҷуд доранд, ки ба тафреҳрафтагон набояд онҳоро фаромӯш созанд. Вилояти Суғд ҳам ҳудуди обии васеъ дорад ва кормандони хадамоти наҷот аз нимаи дуюми моҳи май омодагӣ ба мавсими оббозиро шурӯъ кардаанд. Ҳар сол аз надонистаи қоидаҳои оббозӣ одамон ҳангоми оббозӣ қурбон мешаванд. Волидоне ҳастанд, ки бачаҳоро беназорат мегузоранд ва ин низ баъзан боиси фоҷеа мешавад.
Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз ҳоло даст ба корҳои таблиғотӣ задаанд. Дар марҳилаи аввали ин корҳо насби эълону лавҳаҳо дар ҷойҳое буд, ки оббозӣ номумкин аст.
Чунин як амали пешгирикунанда аз тарафи бахши кор бо ҷомеаи Раёсат дар ҳамкорӣ бо бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд. Дар минтақаҳои хавфноки соҳили дарёи Сир, ки барои шиноварӣ хавфу хатар эҷод мекунаду бинобар мавҷуд будани чуқуриҳо, тез будани маҷрои об, гирдобҳо аз тарафи мутахассисон барои оббозӣ манъ карда шудааст, лавҳахои иттилоотӣ насб карда шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки соли гузашта дар вилояти Суғд 71 ҳодисаи ғарқ шудани одамон ба қайд гирифта шуда буд. 48 нафар фавтиданд ва кормандони наҷот 45 нафарро наҷот доданд. 19 нафар аз ҷумлаи ғарқшудагон ноболиғон буданд.
Дарёи Сир дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд қариб ба масоҳати наздик ба 10 километрро дар бар мегирад, соҳили он бо гарм шудани ҳарорати ҳаво меҳмонон ва сокинонро барои шиноварӣ ва истироҳату сайру гашт ба худ ҷалб мекунад. Ҳастанд мавзеъҳое, ки барои ҳаёти инсон хатар эҷод менамояд. Аз тарафи навбатдорони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ҳамарўза дар мавзеъҳои мазкур бо истифода аз заврақҳои наҷот назорати патрулӣ гузаронида мешаванд.
Шаҳзода Бутаева,
сардори бахши кор бо ҷомеаи
Раёсат, лейтенанти калон.