Кумак ба сокинон барои бартараф намудани ду рӯйдоде, ки метавонист зарар оварад
Чоп шуд: 11/06/2020 | adminДу рӯйдоди ногаҳонӣ дар шаҳри Душанбе. Ҷойе қубури интиқоли об канда шуд ва манзили сокинонро пуроб кард. Ҷойи дигар боди сахт як чинори азимро чаппа кард ва хатаре ба раҳгузарон эҷод намуд. Дар ду ҳолат ҳам кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даст ба кор шуданд ва ба кумаки сокинон сари вақт расиданд.