Ду рӯйдоди ногаҳонӣ дар шаҳри Душанбе. Ҷойе қубури интиқоли об канда шуд ва манзили сокинонро пуроб кард. Ҷойи дигар боди сахт як чинори азимро чаппа кард ва хатаре ба раҳгузарон эҷод намуд. Дар ду ҳолат ҳам кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даст ба кор шуданд ва ба кумаки сокинон сари вақт расиданд.
Субҳи рӯзи 10 июни соли 2020 ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар ноҳияи Сино кўчаи А.Навоӣ бинои 100 қубури оби нўшокии истиқоматкунандаи бинои мазкур канда шуда ва хонаҳои поёнбуда зери об мондаанд.
Соати 09:00 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва ин ҳолати баамаломада хеле ба зудӣ бартараф карда шуд.
Инчунин санаи 10 июни соли 2020, афсари Шўбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи И. Сомонӣ ба қисми навбатдории Раёсат соати 17:40 дақиқа хабар дод, ки дар ноҳияи И.Сомонӣ хиёбони Рўдакӣ дар Бўстонсарой бо сабаби вазидани шамол дарахти чанор чапа шудааст.
Соати 17:45 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса расид ва хавф бартараф гардид.
Ин ду ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт, касе ҷароҳат ҳам набардошта буд.
Р. Неъматзода, полковник