Кам шудани омори гирифторон ва афзудани шумори шифоёфтагон ҳаргиз ба маънои он нест, ки коронавирус аз Тоҷикистон берун шуда бошад ва ё куллан маҳв шудааст. Чораву тадбирҳое, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо КОВИД-19 меандешад, баёнгари он аст, ки ин вирус ҳамоно вуҷуд дорад ва сокинон ҷиддан бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд. Он ки Маҷлиси Олӣ қонуни нав қабул кард, боз ҳам ба ҳамин маъност: ЯЪНЕ СОКИНОН БОЯД ҲАМЕША ЭҲТИЁТКОР БОШАНД!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳамаи ин як зарра ҳам мубориза барои коҳиши хатари сироят ба КОВИД-19-ро коҳиш надодааст. Ҳамарӯза тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда дар шаҳру навоҳии кишвар корҳои поккорӣ роҳандозӣ мешаванд ва ҳазорон литр маҳлулҳои вирускуши кимиёвӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо, даромадгоҳи хонаҳои истиқоматӣ пошида мешаванд.
Субҳи имрӯз ҳам аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва Бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатии Наврӯзгоҳ корҳои тамизкунӣ ташкил ва гузаронидан шуд.
Дар рафти поккорӣ наҷотдиҳандагон даромадгоҳи боғ, роҳравҳо, ҷои нишаст, ҷазираи бачагона, атраксионҳо, толори бозиҳои шавқовар, нуқтаҳои савдо ва дигар иншоотҳои дар дохили боғ ҷойгир бударо бо истифода аз маводҳои безараргардонӣ поккорӣ намуданд.
Дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мазкур аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Раёсат бо шахсони масъули боғ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар тафреҳгоҳҳо суҳбатҳо гузаронида мешаванд.
Шаҳзодахон Бутаева, сардори бахши
кор бо ҷомеаи Раёсат лейтенанти калон