Бино ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19, ки имрӯз, 17-уми июн таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид, ба тӯйҳои хонадоршавӣ ва парвозҳои байналмилалӣ ба Дубай ва Ӯзбекистон иҷозат дод. Дар ҷаласа вазъи тадбирҳои вобаста пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар қаламрави мамлакат ва фаъолияти минбаъдаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баррасӣ шуданд.
Манбаъ навишт, ки бо назардошти ба эътидол омадани вазъияти паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 қарор қабул намуд, ки тибқи ин он аз 20-уми июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ барои гузаронидани туйи хонадоршавӣ муваққатан дар доираи то сад нафар даъватшуда ва танҳо як маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла тарабхонаю ошхонаҳо бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷозат дода мешавад.
Ҳамчунин тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ барои анҷоми парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самти шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1-уми июли соли равон иҷозат дода мешавад ва мусофирон бояд ҳатман маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд.
Дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҳамчунин парвозҳои транзитӣ ва чартерӣ барои интиқоли молу маҳсулот тариқи хатсайрҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад.
Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки масъалаи ташкили парвозҳоро ба самти Федератсияи Россия, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ таклифу хулоса пешниҳод намояд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҳамчунин аъзои ситодро вазифадор намуд, ки барои пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ ва пайваста анҷом додани корҳои безараргардонӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.