16 июни соли 2020 бо мақсади ошноӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар қаламрави деҳаи Чорбоғи ҷамоати ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросон Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенант Рустам Назарзода аз ин минтақаи аҳолинишин дидан намуд.
Раиси Кумита бо рафти корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва сохтмони биноҳои нав аз наздик шинос шуд. Дар ин сафар ҳамчунин бо ширкати аъзои ситоди бартарафсозии паёмадҳои ҳодисаи табиӣ, кормандони ташкилотҳои пудратие, ки бунёди хонаҳои нав ба уҳдаи онҳост, ҷаласа баргузор шуд. Дар ин ҷаласа Сарвари Кумита ҳисоботи корҳои анҷомшударо шунид ва барои идомаи зуд ва босифати корҳои сохтмон дастурҳои мушаххас дод.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло дар деҳаи Чорбоғ сохтмони биноҳои нав барои касоне, ки дар сел ва ярч хонаҳои худро пурра аз даст доданд, бунёди манзилҳои нав басуръат идома дорад.