Вазорат мегӯяд шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар кишвар ба 5272 нафар расид. Зангҳои телефонӣ ба телефонҳои боварӣ ҳам кам шудаанд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шумори гирифторон ба вируси корона дар Тоҷикистон ба 5 ҳазору 292 нафар расидааст. Дар хабаре, ки ҳамин чанд лаҳза пеш дар сомонаи ин ниҳод интишор ёфт, гуфта мешавад, ки аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 18 июн 5279  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидаанд. Манбаъ гуфт, ки то кунун дар мамлакат 3762 (71.2%) нафар шифо ёфта, аз ин беморӣ 51 нафар фавтидаанд.

«То 18 июни соли равон дар мамлакат 248 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 62 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — омадааст дар хабар.

Дар хабари дигар ин вазорат омадааст, ки шумори муроҷиаткунандагон ба телефонҳои боварӣ низ коҳиш ёфтааст.  Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз шумораи зиёди мардум ба ин рақамҳо занг зада, вобаста ба бемории COVID-19 ба саволҳои худ посух гирифтаанд. Ин  рақамҳо  ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда,  дар он мутахассисони гуногуни соҳаи тиб ҷалб карда шудаанд. Телефони  боварии 511 моҳи марти соли равон фаъол шуда, рақами 311 пас аз тасдиқ шудани ҳолати бақайдгирии коронавирус фаъолияташро аз  5  май оғоз намуд.

Дар ҳамин ҳол таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир муроҷиати шаҳрвандон ба телефонҳои боварии мазкур хеле коҳиш ёфтааст. Чунончӣ, агар қаблан танҳо дар як шабонарӯз ба телефони боварии 311 бештар аз 2000 занги телефонӣ анҷом дода мешуд, танҳо санаи 17 июни соли ҷорӣ ба ин рақам шаҳрвандон 489 тамос гирифтаанд.

Ҳамзамон,  давоми рӯзҳои охир муроҷиати шаҳрвандон ба  рақами боварии 511 низ хеле коҳиш ёфтааст.

Ин вазорат мегӯяд, коҳиш ёфтани муроҷиати шаҳрвандони кишвар ба телефонҳои боварии 511 ва 311 гувоҳи он аст, ки сокинони мамлакат оид ба масъалаҳои бемории COVID-19  аллакай маълумоти заруриро дарёфт кардаанд.