Консулгарӣ ва муҳоҷират: Як идораи дипломатӣ чӣ хизмате ба муҳоҷирин дар аёми буҳрони короновирус тавонист анҷом диҳад? Бахши аввал

Сухан аз фаъолияти консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург меравад. Консули генералӣ дар ин минтақаи калони Россия  Зафар Сайидзода – олиму  донишманди шинохта, ки 17 феврали  соли равон ба ин вазифа таъйин шуд, зарфи ҳудудан се моҳе, ки оламиён бо КОВИД-19 дастбагиребонанд ва ин вируси кушанда саросари Россияро низ фаро гирифтааст, корҳои шоистаеро ба нафъи муҳоҷирини дар карантинмонда анҷом додааст. Зафар Сайидзода бо ҳамкоронаш - бо истифода аз ҳама имконоти мумкин - талош кардааст кумакҳоро ба муҳоҷирин басич кунад ва аз гузоришаш пайдост, ки дар ин Консулгарӣ як шабакаи муташаккили ёриҳо ба ҳамватанон шакл гирифтааст. Консулгарӣ ҳама роҳу воситаҳоро истифода кардааст, то тавонад бештар аз вазъи воқеии ҳамватанон дар ҷараён бошад. Се рӯз пеш аз Зафар Сайидзода хоҳиш кардем барои сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корҳои анҷомшуда дар даврони буҳрони коронавирус ҳикоят кунад. Ҷаноби Консули генералӣ бо камоли майл ин гузоришро ба мо ирсол карданд, ки дар ин иртибот изҳори сипосаш мекунем.

 Аз 28 марти соли 2020 то имрӯз дар Консулгарии генералӣ шабу рӯз ба таври доимӣ “ тамоси  доимии  боварӣ” фаъол аст. Тавассути он муроҷиатҳои гуногуни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ҷиҳати осудагии  хотири  онҳо корҳои мунтазами тавзеҳотию психологӣ  анҷом дода мешаванд.

Аз 14 апрел то 15 июни соли 2020 дар вилояти Свердловск бо ҳидояту тадорукоти Консулгарии генералӣ ва саҳму ширкати соҳибкорони ҳамватани сахипеша ба зиёда аз 400 шаҳрванди муҳтоҷу ниёзманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити карантин, гӯшанишинӣ ва баста шудани сарҳадҳои давлатӣ ба мушкилотҳои мухталиф, аз ҷумла бекорӣ, камбуди ғизоиву молиявӣ мувоҷеҳ гардиданд, кумакҳои ғизоию молиявӣ расонида шуданд.   

20 майи соли 2020 дар толори қабули бинои Консулгарии генералӣ дар ш. Екатеринбург ба 115 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯён, кумаки хайриявӣ расонда шуд. Кумак ба андозаи 5 ҳазор рубли русӣ  барои як шаҳрванд буда, ба онҳое расонда шуд, ки қаблан ба иллати мушкилиҳои моддӣ дар шароити карантин ва буҳрони коронавирус  барои имдод ба муассисаи консулӣ муроҷиат карда буданд. Кумакрасонии хайриявӣ ба андозаи умумии беш аз 500 ҳазор рубли русӣ аз ҷониби намояндагони ширкати “Экономмаркет” сурат гирифт. Ширкати мазкурро дар қаламрави Россия ҳамватанони мо таъсис дода, рушду тавсеа медиҳанд. Фаъолияти босамари он, аз ҷумла, минтақаҳои Урал ва Сибирро дар бар мегирад.

Шароити будубоши шаҳрвандоне, ки бо сабабҳои гуногуни хислати ҳуқуқӣ дар марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск, Қурғон, Сургут ва Тюмен қарор доранд, ҳамеша таҳти назари муассисаи консулӣ мебошанд.

 Аз ибтидои моҳи марти соли равон то 25 май  бо ҳидояти Консулгарии генералӣ ва бо ибтикори узви фаъоли Шӯрои ҷамъиятии машваратии назди муассисаи консулӣ  Ёқуб  Умаров  ҳафтае ду - се маротиба, чун анъана, барои шаҳрвандони мо аз шумули бошандагони марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ш.Екатеринбург хӯроки гарми миллӣ, меваю сабзавот ва маводи мавриди ниёзи аввалия манзур мегардид.

Аз 24 март то 18 апрели соли равон ба хотири беҳтар сохтани шароити будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои номбурда воқеъ дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Қурғон унвонии Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар Екатеринбург панҷ ёддошти расмии Консулгарӣ ирсол гардиданд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳалталаби марбут аҳволу авзо ва риояи ҳуқуқи манофеи шаҳрвандонамон дар ҳавзаи консулӣ матраҳ шуданд.

Дар ёддошти Консулгарӣ аз 24 марти соли 2020 даъват ба амал оварда шуд, то дар пайравӣ аз таҷрибаи мусбати шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград дар ҳудуди Ҳавзаи федералии Урал низ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд, дар шароити буҳрони ҷаҳонии коронавирус фавран озод гашта, нисбат ба муҳоҷирони қоидашикани меҳнатӣ - то кушода шудани сарҳадҳои давлатии кишварҳои дахлдор барои ҳамлу нақли байналмилалӣ - анҷом додани амалиёти полиси ҳавзаи консулии кишвари иқомат муваққатан қатъ карда шавад.

Сарнавишти муҳоҷирон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ

Дар ду ёддошти муассисаи консулӣ аз 30 марти соли 2020 таваҷҷуҳи ҷониби Русиягӣ ба он ҷалб карда шуд, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони кории тоҷик дар марказҳои нигаҳдории муваққатӣ ба таври ғайриқонунӣ зиёда аз муҳлати муқарраршуда қарор дошта, яке аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ (воқеъ дар к.Елизаветское шоссе, 19) - бино бар мушобеҳи маҳбасхона буданаш - аз нигоҳи шароиту низомаш дархури талаботи қонунгузории кишвари иқомат буда наметавонад. Дар натиҷа дар шаҳри Екатеринбург 19-20 апрел теъдоди зиёди шаҳрвандони моро аз як Марказ (кӯч. Елизаветское шоссе,19) ба Маркази дигар (кӯч.Горнистов,15), ки шароиташ ҷавобгӯйи меъёрҳои муқарраргардида мебошад, кӯчониданд.

Лозим ба зикр аст, ки аллакай аз 31 марти соли ҷорӣ таҳти васояти Ваколатдори вилояти Свердловск оид ба ҳуқуқи башар - дар шароити густариш ёфтани бемории оммавии коронавирус - аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ озод кардани шаҳрвандони мо батадриҷ оғоз ёфта буд.

Бо дарназардошти набудани алоқаи мунтазами нақлиётии ҳавоӣ ва заминӣ ва баста шудани марзҳои давлатӣ, Консулгарии генералӣ дар моҳҳои  апрел-майи соли 2020 дар назди мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва сардорони политсияи вилоятҳо ва минтақаҳои мухтори шомили ҳавзаи консулӣ масъаларо марбут ба зарурати (аз тариқи таҷдиди назар ба қарорҳои қаблан қабулшудаи судҳои шаҳрию ноҳиявӣ) озод кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд, дубора  матраҳ сохт ва ба ин хотир унвонии Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия  ёддоштҳо  ва ба унвони сардорони политсияи вилоятҳои Свердловск, Тюмен ва минтақаи мухтори Ханти-Мансийск се номаи расмӣ ирсол намуд. Дар натиҷа аз 1 апрел то 15 июни соли равон аз марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии ш.Челябинск  37  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Екатеринбург – 20  нафар  ва ш. Сургут  15 шаҳрванд озод карда шуданд.

Ба шарофати ҳамкорию ҳамдастии Консулгарии генералӣ бо Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар ш.Екатеринбург, Ҳукумати вилояти Свердловск ва Ситоди марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо пандемияи коронавирус  5, 20  ва 26  май  аз тариқи парвозҳои чартерии ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” ва тайёраи ҳарбӣ-нақлиётии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия  194  шаҳрванди  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳрҳои  Екатеринбург, Челябинск, Қурғон, Сургут, Тюмен ва Перм  беш аз муҳлати муқарраршуда қарор доштанд ва  4 май ҳамватанони мо ба кишварамон расонида шуданд.

12 апрели соли равон 7 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар толорҳои транзитии фурудгоҳҳои Екатеринбург ва Челябинск аз 17 марти соли равон дармонда буданд, ба тариқи истисно - дар ҳамдастӣ бо Консулгарии генералӣ - тавассути ҳавопаймои нақлиётии низомиёни Россия ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд.

Бар асоси шикоятҳои шаҳрвандони мо дар вилояти Свердловск ва минтақаи мухтори Ханти-Мансийск оид ба ҳодисаҳои вайрону поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои нави онҳо дар шароити карантину гӯшанишинии ҳамагонӣ, ки дар Фармони  Президенти  Федератсияи  Россия аз 18 апрели  соли  2020  таҳти  № 274, аз ҷумла дар иртибот ба масъалаҳои сабти ном, пардохти маблағи патент ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, пешбинӣ шудаанд, Консули генералӣ ба губернаторҳои вилояту минтақаи мухтори номбурда бо номаҳои  расмӣ муроҷиат намуд. Губернаторҳо аз ин нома истиқбол карданд ва ба ислоҳи вазъи номатлуб ба таври оҷил мусоидат карданд.

 

(Давом дорад)