Сӯхтор дар “Бозори деҳқон”-и шаҳри Душанбе. Касе осеб надидааст. ВКД сабаби сӯхторро эълон кард: истифодаи нодурусти яхдон

Шаби 22-июли соли равон, тахмин соати 00:29 дақиқа дар “Бозори деҳқон”-и пойтахти кишвар, воқеъ дар маҳалли Гипрозем сӯхтор ба амал омад. Бино ба гузориши расмӣ ба ҷойи ҳодиса фавран 14 техникаи оташнишонӣ фаро расида, даст ба амал заданд.  Дастаи зудамали Раёсати душанбегии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шарик буд ва наҷотдиҳандагон дар хомӯш кардани алангаи оташ саҳм гирифтанд.

Дар  натиҷаи сӯхтор болопӯши 14 дукони фурӯши маводи ғизоӣ дар масоҳати 134 метри мураббаъ сӯхтааст.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ алангаи оташ соати 013:27 дақиқа пурра хомӯш карда шуд. Дар ин оташсӯзӣ касе зара надидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки зарари расида тақрибан 35000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ молу амволи фурӯш ва биноҳои ҳамшафат аз коми оташ наҷот дода шуд.

Ин манбаъ навишт, ки сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи яхдон дар нуқтаи савдои №42 буд, ки ба соҳибкори инфиродӣ Идиев Дилшод Ҳақдодович, сокини шаҳри Душанбе, мансуб мебошад. 

МАТОЛИБИ ДИГАР ДАР ИН МАВЗӮЪ

Ҳалокати модар ва ду тифлаш дар сӯхтори деҳаи Баҳори Панҷекат

Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ғарқи об шудани як марди 63-сола, харобкории борону жола ва шамол

Сӯхтор дар корхонаи коркарди нефт. Сабабҳои он тафтиш мешаванд

Сӯхтор дар киштии ҳарбии Амрико 21 нафарро маҷрӯҳ кард

Теъдоди кушташудагон дар сӯхторҳои азими Австралия ба 27 нафар расид (ВИДЕО)

Ҳалокати чор узви як оила дар сӯхтори хона. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Фоҷеаи ду тифл дар сӯхтори ноҳияи Айнӣ. КҲФ: КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД!

Сӯхтори азим дар шаҳри бандарии Чилӣ даҳҳо хонаро ба коми худ кашид (ВИДЕО)