Activities calendar

18 июли 2019

Викторинаи телевизони Бадахшон бахшида ба 25 – солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Телевизиони вилоятии Хоруғ бахшида биступанҷумин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон викторинаи телевизионӣ ташкил кард. Ин барномаи хеле ҷолибу шавқовар аз 15 июл шуруъ гардид ва қарор аст то 8 август идома кунад. Дар ҳар барнома дастаҳои ширкаткунанда ба даҳ суол посух медиҳанд. 

Наҷотбахшони кӯҳии КҲФ чор кӯҳканро аз умқи 270 метр наҷот доданд

Ин ҳодиса рӯзи 17 июли соли равон дар майдони амудии кони №8 мутааллиқ ба Ҷамъияти саҳҳомии Кушоди “Ангишт”-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд рух дод.   Панҷ  нафар кормандони взводи ҳарбии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муҳандиси минтақавии роҳандозии корҳои пешгирӣ аз ҳаводиси нохӯш А.Эшонбобоев ва фармондеҳи взводи наҷоти кӯҳӣ И.Маликов чаҳор тан кӯҳканҳои дар умқи 270 метр дармондаро берун оварданд ва ҷонашонро аз хатар наҷот доданд

Пурхатартарин сатҳи радиатсионии олам кашф шуд

Олимон ҷазираҳои Маршалро дорои болотарин сатҳи радиатсонӣ эълон карданд.  Ин хулоса аз таҳқиқоте ба миён омадааст, ки ахиран дар донишгоҳи Колумбияи ИМА анҷом гирифтааст. Таҳлилгарон гуфтаанд, ки ин стаҳи радиатсия ба ҳаёти инсон хтар эҷод мекунад. 

Дар бинои фурӯрафтаи Нигерия 12 нафар ҷон бохтанд

Дар Нигерия бар асари чаппа шудани як бино 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Чор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд ва ҳоло дар бемористон бистарӣ шудаанд.  Дар ин бора ширкати телевизионии  CNN истинодан ба хадамоти маҳаллии бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода хабар дод.