Шумори ҳалокшудагон дар обҳои кишвар ба 64 нафар расидааст
Чоп шуд: 09/07/2019 | redaktorТо 9 июли соли 2019 ба асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ дар кишвар 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 28 нафари онҳо то 16-сола, синни 36 тани онҳо болотар аз 17 сола мебошанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳад: ҳангоми оббозӣ қоидаҳои шиновариро ҷиддан риоя кунед!