Ҷаласаи татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо дар шаҳри Душанбе
Чоп шуд: 25/07/2019 | redaktor24 июли соли 2019 дар доираи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо “мизи муддавар” бо ширкати намояндагони 14 вазорату идораҳо ва 10 созмони байналмилалии муқими Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори ин ҷаласа Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Назарзода Р. иштирок намуд.
Дар рафти “мизи муддавар” рӯнамои корҳои анҷомшудаи Лоиҳа дар нимсолаи аввали соли 2019 ва иқдомҳои баъдии татбиқи он баргузор шуд.