Имрӯз - 25 июл дар толори маркази матбуотии хабаргузории “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон баргузор градид, ки дар он Муовини Раиси Кумита полковник М.Салимзода, сарварони сарраёсатҳо ва воҳидҳои Кумита, намояндагони воситаҳои ахбори дохиливу хориҷӣ ширкат намуданд.
Гуфта шуд, ки зарфи шаш моҳи соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 624 (соли 2018 – 145) ҳолати фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз шумори умумии ҳаводиси ба қайдгирифташуда, 40 маврид зарари моддиву манънавӣ расидааст. Барои бартараф кардани он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Зимни суханронии худ полковник М.Салимзода қайд намуданд, ки дар натиҷаи офати табиӣ 22 нафар шаҳрвандони кишвар ҳалок шудаанд. Аз онҳо: дар натиҷаи лағзиши тарма 9 нафар, аз сел 7 нафар, резиши санг 3 нафар, аз боди шадид 2 нафар ва аз раъду барқ 1 нафар кушта гардиданд. Ғайр аз ин дар қаламрави ВМКБ чор ҳодисаи ҳамлаи гургон ба одамон ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он ду нафар сокинони маҳаллӣ ҳалок шуданд ва ду тани дигар захмӣ гаштанд.
“Ғайр аз ин дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 135 хонаҳои истиқоматӣ зарар диданд (22 хона пурра, 109 хонаи қисман вайрон шудаву чор хонаи истиқоматӣ каме зарар дидаанд), майдони 1989.77 гектар замин хароб шуда, 10 пул ва 204.353 км роҳ вайрон шудааст”,- гуфт ӯ.
Муовини Раиси Кумита гуфтанд, ки ба роҳандозии рейдҳои пайваста аз ҷониби кормандони КҲФ, чорабиниҳои таблиғотӣ, муроҷиатҳо аз тариқи телевизион ва радио нигоҳ накарда, мутаассифона дар иншоотҳои обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд. Бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар давраи ҳисоботӣ 57 (соли 2018 – 69 нафар) нафар дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳо ғарқ гардиданд. 28 нафари онҳо бачаҳои синни то 17-сола буданд.
Журналистон дар бораи фаъолияти Кумита дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, ҳамкориҳои КҲФ бо дигар мақомот дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин ҳолати техникии Кумита суол карданд. Ба ин ва суолоти дигар муовини Раиси Кумита полковник Салимзода М. посух дод.
Дар поёни нишаст сарварони раёсату шуъбаҳои КҲФ ба намояндагони ширкатҳои телевизионии ватаниву хориҷӣ мусоҳибаҳо анҷом доданд.