Зилзила шуд дар Ҳоит...Ёде аз фоҷеаи 70 сол пеш
Чоп шуд: 11/07/2019 | redaktorИн шояд як мисра аз шеъри мардумӣ буд, ки замоне шунида будам ё хонда. Ва мисраҳои баъдии онро ёд надорам. Танҳо чизе дар хотирам аз зилзилаи Ҳоит нақш бастааст, он аст, ки миёнаҳо солҳои 80 бо талоши зумрае аз зиёиёни бедор аз фоҷеаи мудҳиш ёд шуд. Пештар касе аз он ёд намекард, ба ҷуз хонаводаҳои қурбониён, ки онҳо низ паҳну парешон дар гӯшаи хоки Тоҷикистон буданд. Ва ин навиштаи як соли пеш аст. Бо таваҷҷуҳ ба ҷиддияти заминларза ва талафоти бузургаш чун ёде аз қурбониёни он заминларза, дубора рӯйи саҳфа меорем.