Ширкат дар Ҷаласаи минтақавии сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ
Чоп шуд: 12/07/2019 | redaktorДар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷаласаи минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник М.Салимзода ширкат намуд.
Дар ин ҷаласа сарварони ва намояндагони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон, Узбекистон, намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои дахлдор иштирок карданд.