Анҷоми мусобиқаи футболи хурд дар Хоруғ: Тими Раёсати КҲФ пирӯз эълон шуд
Чоп шуд: 24/07/2019 | redaktorДар шаҳри Хоруғ мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 25-умин солгарди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид, ки дар он тими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят ширкат варзиданд.
Дар мусобиқаи финалӣ тими Раёсати КҲФ дар ВМКБ ва Раёсати давлатии хадамоти зиддисӯхтори ВКД дар ВМКБ бо ҳам қувва озмуданд.