Таблиғи таъмини амният дар замони истироҳати тобистон
Чоп шуд: 01/07/2019 | redaktorТобистон аст ва мавсими тафреҳу истироҳат. Аксаран аз гармои шадид ба соҳили рӯдхонаву обанборҳо паноҳ мебаранд. Гурӯҳе дӯст медоранд шиноварӣ кунанд ва рӯзҳои истироҳату рухсатии худро сарфи ин шуғл мекунанд. Гурӯҳе завқу шавқи моҳидорӣ доранд. Ва мераванд лаби соҳил ва шаст ба дарё меандозанд. Аксари кӯдакону наврасонро волидонашон бо худ ба истироҳат мебаранд ва боз ҳам ба соҳилҳо, зеро макони хуби истироҳат ва фирор аз гармо ҳамин соҳилҳоянд. Ва будубош дар соҳилҳо қонунҳои навиштаву нонавиштаи худро доранд, ки шояд на ҳама хуб медонанд.