Таблиғи таъмини амният дар замони истироҳати тобистон

Тобистон аст ва мавсими тафреҳу истироҳат. Аксаран аз гармои шадид ба соҳили рӯдхонаву обанборҳо паноҳ мебаранд. Гурӯҳе дӯст медоранд шиноварӣ кунанд ва рӯзҳои истироҳату рухсатии худро сарфи ин шуғл мекунанд. Гурӯҳе завқу шавқи моҳидорӣ доранд. Ва мераванд лаби соҳил ва шаст ба дарё меандозанд. Аксари кӯдакону наврасонро волидонашон бо худ ба истироҳат мебаранд ва боз ҳам ба соҳилҳо, зеро макони хуби истироҳат ва фирор аз гармо ҳамин соҳилҳоянд. Ва будубош дар соҳилҳо қонунҳои навиштаву нонавиштаи худро доранд, ки шояд на ҳама хуб медонанд. Ин аст, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳсозии мардумро як вазифаи аслии худ медонанд ва ин ҷузъе аз барномаҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш аст.

Ин гуна чорабиниҳо тамоми тобистон идома мекунанд ва ҳадаф боло бурдани сатҳи огоҳиҳои мардум нисбати ҳодисаҳои фавқулода, омодагӣ барои муқовимат бо офатҳои табиӣ ва таъмини амният дар обҳо ва ғайра мебошад. Ва чорабиниҳо маъмулат дар шаклҳои бозиҳои дилхушкунанда мегузаранд, ки ба ҳар синну сол муносибу мувофиқ буда, ҷолиби диққату таваҷҷуҳанд. 

Чунончӣ, дар урдугоҳҳои  «Гулшан», «Орзу» ва «Шарора» кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе бо истироҳаткунандагони наврас вохурӣ баргузор намуданд. Онҳо ба кӯдакон то куҷо муҳим будани риояи қоидаҳои будубош дар соҳили обҳо, донистани қоидаҳои шиноварӣ ва маконҳои иҷозатшуда барои оббозиро фаҳмониданд.

Ҳар дидору мулоқот шавқовар мегузашт, зеро худи наврасон дар ҳар бобат зиёд суол мекунанд ва ҳамеша аз посухҳо қаноатманд мешаванд.

Чунончӣ, дар “Шарора” барои кӯдакон ҷолиб буд донанд, ки наҷотдиҳандагон ғарқшудагонро чӣ гуна наҷот медиҳад ва барои роҳандозии ин гуна корҳо Кумита чӣ таҷҳизоту техника дорад. Ва боз: илми наҷотро дар куҷо меомӯзанд ва малакаву маҳорати онро дар куҷо ёд мегиранд.

барчасп: