Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои гарм то охири моҳ боқӣ мемонад
Чоп шуд: 26/07/2019 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то охири моҳи июли соли равон дар аксар қаламрави кишвар (ба ҷуз ВМКБ) ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад. Ҳаво дар ин рӯзҳо то 44 гарм хоҳад буд.
Гармои шадид маъмулан сабаби об шудани барфу пиряхҳо дар навоҳиву манотиқи кӯҳӣ мешаванд ва ин обшуданҳо ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо сабаб мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг низ эҳтимол дорад.