Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини бехатарии кӯдакон ва наврасон дар назди махазнҳои об ҳангоми таътили тобистона диққати зиёд медиҳад. Кормандони КҲФ дар маҳалҳо корҳои зиёди таблиғотӣ мебаранд ва барои ҷалби ширкаткунандагон аз шеваҳои мухталифи таъсиррасон истифода мекунанд.
Чунончӣ, дар доираи роҳандозии иқдоми “Тобистони бехатар дар об” кормандони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, ҳамчунин наҷотдиҳандагон, духтурони бемористони ҳарбии КҲФ дар миёни ноболиғону кӯдакон дар назди махзанҳои об даст ба иқдомҳои таблиғоти амалӣ заданд, ба онҳо дар бораи қоидаҳои оббозии бехатар ва будубош дар соҳилҳо суҳбат карданд, расонидани ёриҳои аввали тиббиро дар Кӯли Ҷавонони пойтахт тамрин намуданд.
Ҳадафи ин иқдом таблиғи бехатарӣ дар обҳо миёни кӯдакон ва наврасон буд.
Дар ҷараёни суҳбатҳо сардори шуъбаи раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд полковник Т.Маҳмадов ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагон ва духтурони бемористони ҳарбии КҲФ дар бораи қоидаҳои асосии бехтарӣ дар об нақл кардан ва аз кӯдакон хостанд хеле эҳтиёткор бошанд.
Баъдан наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба иштрокдорон бахши хеле муҳим ва ҷолиби иқдом – “Ғарқшавандаро наҷот бидеҳ”-ро намоиш доданд. Ба иштирокчиён роҳҳои аз об берун овардани шахси ғарқшаванда ва расонидани кумакҳои аввалии тиббиро дар мисоли як нафаре, ки “эҳтимолан ғарқ мешуд”, нишон доданд.