Гармои шадиди даҳаи сеюми моҳи июл: КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ҲУШДОР МЕДИҲАД!
Чоп шуд: 16/07/2019 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки оғози сеюмин даҳаи моҳи июл (аз 17 то 20 – ум) низ дар мамлакат ҳавои гарму хушк дар назар дошта шудааст. Ҳаво метавонад дар ин рӯзҳо то 44 дараҷа гарм шавад.