Гармои шадиди даҳаи сеюми моҳи июл: КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ҲУШДОР МЕДИҲАД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки оғози сеюмин даҳаи моҳи июл (аз 17 то 20 – ум) низ дар мамлакат ҳавои гарму хушк дар назар дошта шудааст. Ҳаво метавонад дар ин рӯзҳо то 44 дараҷа гарм шавад.

Аз сабаби болоравии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ эҳтимоли об шудани барфи кӯҳҳо ва пиряхҳо ва афзудани сатҳи оби дарёҳои Вахш ва Панҷ вуҷуд дорад. Бахусус дар болооби дарёҳо, ки дар навбати худ метавонад сабабгори омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг шавад. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафар ба ноҳияҳои наздикӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум, рустаниҳои шифобахш, чаронидани чорво, шикор ва сайругашт дар куҳҳо  ҳушёр бошанд. 

Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки қоидаҳои бехатариро ҳангоми истироҳат дар соҳили рӯдхонаҳо, обанборҳо ва  кӯлҳо риоя кунанд. Бачаҳоро беназорат нагузоранд!

барчасп: