Наҷоти 100 нафар ва 15 ҳазор сар чорвои сокинони Пакшиф дар Кӯҳистони Мастчоҳ
Чоп шуд: 19/07/2019 | redaktorСад нафар сокинони як русто дар Кӯҳистони Масчо бар асари хароб шудани пули иртиботиашон ба хатар рӯ ба рӯ шуданд. Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳӣ дар минтақаи Зарафшон ва Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия Мастчо ба кумак расиданд ва бо истифода аз заврақҳои резинӣ онҳоро бо маводи ниёзи аввалия ва масолеҳи сохтмон ҷиҳати барқарор намудани пули харобшуда таъмин карданд.