Як ҷумла, вале як ҷаҳон руҳбаландӣ...

Оре, ҳамагӣ як ҷумла буд ин пайки шодӣ. Дар ҳамин як ҷумла арзи сипоси се хонаводаи шод ғунҷид. Як ҷумлае, ки панҷ тан аз наҷотдиҳандагонро руҳбаланд кард. Онҳо бори дигар донистанд, ки кори нек ин гуна подоше дорад. Ҳамин аст он: АРЗИ СИПОС! Сипос ба касоне, ки инсонҳоро наҷот доданду медиҳанд. Сипос ба касоне, ки наҷоти башарро ба худ касб кардаанд. Онҳоянд, ки гоҳ ба умқи коне мераванд, гоҳ ба қуллаи куҳе роҳ пеш мегиранд ва гоҳи дигар ба қаъри дарёи хурӯшон мераванд. Ва ҳадаф ҳамин аст: НАҶОТИ ИНСОН!!!

Садамаи ду рӯзи пеш дар кони ангишти Исфара метавонист фоҷеа ба дунбол дошта бошад. Агар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ивлояти Суғд сари вақт дасти ёрӣ дароз намекарданд.  Ва хабари моро дирӯз хонда будед. Ҳодиса рӯзи 17 июли соли равон дар майдони амудии кони №8 мутааллиқ ба Ҷамъияти саҳҳомии Кушоди “Ангишт”-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд рух дода буд.   Панҷ  нафар кормандони взводи ҳарбии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муҳандиси минтақавии роҳандозии корҳои пешгирӣ аз ҳаводиси нохӯш А.Эшонбобоев ва фармондеҳи взводи наҷоти кӯҳӣ И.Маликов чаҳор тан кӯҳканҳои дар умқи 270 метр дармондаро берун оварданд ва ҷонашонро аз хатар наҷот доданд.

 Ва дирӯз аз номи Директори генералии ҶСК “Ангишт” Н.Каримов ба унвони Сардори бахши вилоятии КҲФ Т.Муродқулов нома расид, ки аз кумаки бедареғи кормандони Кумита барои наҷоти ҷони се тан аз кӯҳканҳо изҳори сипосу қадрдонӣ мекунад. Ин нома ҳамагӣ як ҷумлаи сипос дорад, вале дар умқи он шодиҳое нуҳуфта. Агар наҷотбахшон сари вақт намрасиданд, эҳтимоли фоҷеа вуҷуд дошт. Пас ин се хонавода аз он ки ноновари хонадон саломат аз умқи 270 метр берун омад ва осебе ҷисмониву равонӣ надид, шоданд. 

Аслан корҳои наҷот дар кӯҳҳо аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки барои наҷоти одамон, арзишҳои моддӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи муҳити табиӣ дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода, маҳдуд намудани садамаҳо ва фурӯнишонӣ ё ба ҳадди ақали имконпазир расонидани таъсири оқибати таркишҳо, маводҳои тарканда ва (ё) газҳои зеризаминӣ, сӯхтор, газнокӣ, фурӯравӣ, партовҳои кӯҳӣ, зериобмонӣ ва дигар намуди садамаҳои дар иншоотҳои корҳои кӯҳӣ гузаронанда мешаванд.

Наҷоти одамон дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ аз вазифаҳои аслии хадамоти наҷот аст. Соли гузашта бар асари роҳандозии корҳои кофтуковиву наҷот  170 нафар одамон аз хатарҳое, ки метавонистанд марговар ҳам бошанд, раҳо шуданд. 48 нафар ҳангоми ҳангоми шиноварӣ, 9 нафар аз зери тарма, 33 тан аз садамаҳои нақлиётӣ ва 88 нафар ҳангоми ҳодисаҳои дигар наҷот ёфтанд.

 Илова бар ин дастаҳои кофтуков ва наҷоти Кумита зиёда аз 200 нафарро аз мавзеъҳои хатарнок ба минтақаҳои бехавф интиқол доданд.

Соли гузашта ҳангоми роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ  104 ҷасади одамони дар офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои дигар ҳалокшударо пайдо ва берун оварданд.  

Ин чанд омор аз соли гузашта буд. Аммо имсол ҳам дар ҷараёни корҳои наҷот ва ҷустуҷӯ афрод даҳҳо тан аз хатарҳои гуногун, аз ҷумла ҳангоми шиноварӣ аз хатари марг наҷот дода шуданд.

НАҶОТИ ИНСОН...

Оё метавон он ҳама шодиву нишон, лаззати дидор бо пайвандонро дар як ҷумлаи кутоҳ ғунҷонд? Магар шодиҳоро канор ҳаст, вақте инсонҳо мебинанд, ки як ғарқшуда аз умқи дарё берун оварда мешавад ва барояш ҷони дубора мебахшанд?

Магар шодие бештар аз ин бошад, ки зери тармамондаеро саломат аз дохили ғарами барфи азим берун меоранд?

Оё метавон шодии хонадонеро тасаввур кард, ки падари арҷмандашонро  аз миёни селоби даҳшатбор кашидаву ба соҳил овардаанд?

Оё шумо шодии он модареро тасаввур мекунед, ки духтари ҷавонаш қасди ҷони худ кардаву, ӯро аз марг наҷот додаанд ва дубора меҳри зиндагиву лаззати ҳаётро дар қалбаш ҷо кардаанд?

Оё шумо шодии он пирзанеро метавонед тасаввур кунед, ки ҷигарбандашро аз миёни забонаи оташ берун овардаанд?

Оё шумо..

Ва ин суолот хеле зиёданд. Шахсан дар тасаввури ман ҳеч аз ин шодиҳо намеғунҷад, чун ин шодиҳо ба касоне марбутанд, ки рӯ ба марг буданду ба ҳаёти шод дубора баргаштанд...

 Шодиҳо аз касонест, ки умеди зинда мондаги ҷигаргӯшаи худро қариб буд ба хок биспоранд, вале дар охирин лаҳазоти ноумедӣ пайғоми умед кулбаи торики қалбашонро рушан кардааст...

Умедҳо зинда бошанд!

Инсонҳо поёнда бошанд!

Мулк ободу мардумонаш шод бошанд!

Ин аст ҳадафи талошҳои кормнадони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон !!!

 

Б.Шафеъ

барчасп: