Наҷотдиҳандагони КҲФ дар рӯзҳои истироҳат се шаҳрвандро наҷот доданд
Чоп шуд: 22/07/2019 | redaktorБоз се шаҳрванд – ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд, ки дар Сирдарёи шаҳри Хуҳанд ғарқ мешуданд, аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд наҷот дода шуданд.
Шаҳрвандон дар мавзеи манъшуда оббозӣ карда, ба гирдоб афтиданд. Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали Раёсати КҲФ, ки ҳамарӯза ба гаштзании соҳилҳои дарё машғуланд, сари вақт ба ёрӣ расида омаданд.