Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки ҳавои гарму хушк дар қаламрави мамлакат то 23-уми июл боқӣ мемонад.
Грамои шадид сабабгори об шудани барфҳову пиряхҳо шуда, ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Вахш, Панҷ ва Зарафшон оварда мерасонад. Баланд шудани сатҳи об соҳилҳоро мешӯяд, метавонад сабаби омадни сел, лағзиши тарма, резиши санг дар минтақаҳои кӯҳӣ шавад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва мемонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафар ба ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Сокинони маҳаллӣ низ ҳангоми ҷамъоварии ҳезум, дарави алаф, шикор зиракиро аз даст надиҳанд.
Инак, чанд тавсия дар гармо:
1. Дар гармо бидуни зарурат ба кӯча набароед, ҳаддиақал аз соати 11 то 17 дар хона бимонед. Вале агар зарурати баромадан доред, пас либоси тунуки рушани дӯхташуда аз матоъи табиӣ пӯшед, кулоҳи сабук дар сар дошта бошед. Ҳатман бо худ оби бегаз гиред. Дар кӯча бештар дар сояҳо роҳ равед, сари чанд вақт барои раҳоӣ аз гармо ба мағозаву дуконҳо дароед.
2. Бештар об нӯшед, рӯзе аз 1,5 то 3 литр нӯшидани оби тоза тавсия мешавад.
3. Дар чунин рӯзҳо нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ тавсия намешавад, нӯшокиҳои ба ном ташнагишикани ширину газдор низ. Ин нӯшокиҳо ташнагиро афзун мекунанду кам не. Ҳатто сабабгори заъфи табодули моддаҳо дар организм мешаванд.
4. Ғизои сабук хӯред, бештар меваву сабзавот истеъмол кунед, моҳӣ ва мурғи обпӯхта, шӯрбои сард истеъмол намоед. Дар ин рӯзҳо аз хӯрдани ғизоҳои равғанӣ ва ширин худдорӣ намоед.
5. Дар авҷи гармии рӯз аз меҳнати ҷисмонӣ пурра худдорӣ кунед.
5. Дар хона тавсия намешавад, ки ҳаво поинтар аз +22+23 дараҷа бошад.
6. Дар ҳавои гарм бояд бештар ба кӯдакон таваҷҷуҳ карда шавад. Бадани кӯдакон ба гармо нисбат ба калонсолон ҳассостар аст.
7. Ва ҳагоми истироҳат дар соҳили рӯдхонаву каналҳо ва дигар махзанҳои об бояд эҳтиёткор буд, қоидаҳои бехатарии шиновариро бояд ҷиддан риоя кард ва дар маконҳое, ки оббозӣ маннуъ аст, набояд саргарми шиноварӣ шуд.