Супурдани техника ва таҷҳизоти махсус аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин
Чоп шуд: 23/07/2019 | redaktor23 июли соли 2019 барои ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 127 номгӯ васоити техникии ҳарҷогард ва таҷҳизоти махсус барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷот супорида шуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё намудааст.