23 июли соли 2019 барои ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 127 номгӯ васоити техникии ҳарҷогард ва таҷҳизоти махсус барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷот супорида шуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё намудааст.
Ин кӯмак дар асоси Аҳднома оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникии қаблан имзошуда, ҳамчунин мутобиқи Номаҳои мубодилавӣ оид ба ёрии техникӣ байни Ҳукумати Мардумии Чин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санад дар бораи пешкаши воситаҳои техикӣ ва таҷҳизот барои ҷузъу томҳои КҲФ амалӣ карда шуд.
Ҳамаи мошинҳо барои саривақт ба макони рўйдодҳои фавқулодаи техногенӣ ва табиӣ интиқол додани гурўҳҳои наҷотдиҳандагон ва таҷҳизоти махсус бо ҳадафи гузарондани корҳои садамавиву наҷот ва дигар амалҳои оҷилӣ, ҳамчунин барои ба даст овардани иттилооти саривақтӣ ва дақиқ дар бораи ҳолати системаи табиӣ-саноатӣ, хоса дар мавзеъҳои кӯҳӣ ва пешгӯӣ ба хотири тасмимҳои саривақтии марбут ба пешгирӣ аз оқибатҳои имконпазири ҲФ-и гуногун пешбинӣ шудаанд.
Дар маросим Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Зокирзода М., Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лю Бин, Раиси Кумита генерал-лейтенант Р.Назарзода, сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок карданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ оид ба саъю кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода зикр намуда, аз ҷумла қайд намуданд: “Таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ки мақоми доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба ҳисоб меравад, фаъолияти босамар дорад”.
Дар баромади худ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лю Бин оид ба идома ва густариш додани муносибатҳои дуҷониба дар самти пешгир ва бартарафсозии офатҳои табиӣ иброз намуданд.
Санадро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита генерал-лейтенат Назарзода Р. ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лю Бин ба имзо расониданд.
Техника ва таҷҳизоти пешкашшаванда барои афзоиши мутаҳаррикӣ ва самараи корҳои марбут ба бартарафкунии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ равона мегардад.