ГАРМОИ ШАДИДИ РӮЗҲОИ ОЯНДА: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 10/07/2019 | redaktorГармои шадид баъзан фалокатбор аст. Бахусус дар манотиқи куҳӣ, ки об шудани барфу пиряхҳо хавфи беандозаи обхезӣ доранд. Аз оби зиёд рӯдхонаҳо фаровон мешавад, об аз соҳил берун меравад, ба ҷони одамон ва молу мулку зистгоҳашон хавф таҳдид мекунад. Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи ҳамватанон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки аз ҳавои гарму хушки рӯзҳои оянда эҳтиёт кунанд!