Гармои шадид баъзан фалокатбор аст. Бахусус дар манотиқи куҳӣ, ки об шудани барфу пиряхҳо хавфи беандозаи обхезӣ доранд. Аз оби зиёд рӯдхонаҳо фаровон мешавад, об аз соҳил берун меравад, ба ҷони одамон ва молу мулку зистгоҳашон хавф таҳдид мекунад. Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи ҳамватанон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки аз ҳавои гарму хушки рӯзҳои оянда эҳтиёт кунанд!
Дар натиҷаи болоравии ҳарорати ҳаво дар баландкуҳҳо эҳтимоли об шудани барфҳо ва пиряхҳо меафзояд. Табиист, ки ин ҳолат сабабгори болоравии сатҳи об дар дарёҳои Вахш ва Панҷ мешавад. Бахусус сатҳи об метавонад дар қисмати болооби рӯдхонаҳо афзояд ва ин сабаби обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг шавад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони ноҳияҳои куҳӣ муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафарҳо ба ин минтақаҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Ҳамчунин сокинони бумӣ ҳангоми ҳезумкашӣ, шикор, ғунучини дорувор ва сайругашт ба вазъ таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд.
Кумита ҳамчунин аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад дар ин мавсими гармо қоидаҳои бехатариро ҳангоми шиноварӣ ҷиддан риоя кунанд. Ба кӯдакон диққати бештар диҳед ва онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред!