Оғози тамринҳои муштараки “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон”
Чоп шуд: 03/07/2019 | redaktorБо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар соли 2019, ҳамчунин беҳтар кардани ҳамкориҳо ва ҳамоҳангиҳо миёни вазоратҳо ва идораҳо - аъзои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи грждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба тамринҳои саҳроӣ таҳти унвони “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон