Оғози тамринҳои муштараки “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон”

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар соли 2019, ҳамчунин беҳтар кардани ҳамкориҳо ва ҳамоҳангиҳо миёни  вазоратҳо ва идораҳо - аъзои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи грждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба тамринҳои саҳроӣ таҳти унвони “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон” оғоз бахшид. Қарор аст ин тамринҳо муддати ду рӯз идома кунанд.

Тибқи сенарияи омӯзиш, ки дар се марҳила доир мешавад, масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи вазорату идораҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, неруҳо ва воситаҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ, ки дар натиҷаи он дар марзи Тоҷикистон паноҳандагон ҷамъ омадаанд, тамрин мешавад.

Барои ҳамоҳангсозии умумӣ ва тарҳрезии фаъолиятҳои муштарак 3 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ситоди тамринҳо ба кор сар кард, ки дар он роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои кишвар, ҳамчунин созмонҳои байналмилалии муқими мамлакат  иштирок менамоянд.

4 июли соли 2019 дар қаламрави қисми ҳарбии КҲФ воқеъ дар Қаратоғ омӯзишҳои амалӣ, саҳроӣ-намоишӣ тибқи сенарияи қабулшуда мегузарад.

Дар давраи тамринҳо дараҷаи омодагии хадамоти дахлдор санҷида мешаванд, ҳамчунин омодагии қувваҳо ва воситаҳои мақомоти идорӣ ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ мегарданд. Тибқи ривояти тамрин теъдоди ин паноҳандагон наздик ба 4 ҳазор нафар хоҳад буд.

Дар ин омӯзишҳо беш аз 10 муассисаи давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, нақлиёт, меҳнат, шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти давлатӣ, Кумитаи гумрук, Раёсати СММ дар умумри паноҳандагон, Агентии Оғохон оид ба макони зист, Кумитаи Салиби Сурхи Байналмилалӣ, Агентии Швейтсария оид ба ҳамкориҳо ва рушд, ЮНИСЕФ ва ғайра ҷалб шудаанд.

барчасп: