Ҳалокати даҳ нафар дар як садамаи ҳавопаймоӣ

Бар асари суқути ҳавопаймои думотора дар иёлоти амрикоии Техас даҳ нафар кушта шуданд. Дар ин бора ширкати телевизионии   CBS DFW истинодан ба манбаъҳои расмӣ хабар дод.


Ин ҳодисаи нохӯш рӯзи якшанбе рух додааст. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо ҳангоми парвоз дар фарози фурудгоҳи шаҳри Эддисон ба ангар (макони ист ва таъмири тайёраҳо) бархӯрдааст. Ҳамаи сарнишинон ва мусофирони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд. 
Дар айни замон кормандони мақмоти ҳифзи ҳуқуқ иллатҳои ин садамаи маргборро таҳқиқ мекунанд. 
Моҳи декабри соли 2018 низ як чунин ҳавопаймо дар арафаи Соли нави масеҳӣ сарнагун шуда буд. Дар ин тайёра чор нафар менишастанд ва он дар соҳили шаҳри тафреҳии Майами дар об сарнагун шуд. Ҳамаи чор сарнишини он бо ҷароҳатҳои сабук бистарӣ шуданд ва зинда монданд.

барчасп: