Таҳкими ҳамкориҳои КҲФ ва Академияи тиҷорати байналмилалӣ ва рушди иқтисоди Чин

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода имрӯз, 10-уми июл ҳайати Академияи тиҷорати байналмилалӣ ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сарварии Муовини аввали Раиси Академияи мазкур хонум Мао Сяодҷинро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот сарвари КҲФ дар бораи корҳо дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҶМЧ нақл намуд. Сарвари КҲФ ба меҳмонон дар бораи ҳолатҳои фавқулодае, ки дар қаламрави кишвар дар нимсолаи аввал ба қайд гирифта шуда буданд, иттилоъ дод. 

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо оғози тарҳҳои якҷоя миёни КҲФ ва Академияи тиҷорати байналмилалӣ ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Мардумии Чин ва масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии мутаъассисон дар самти хабардоркунии бармаҳалро баррасӣ карданд.

Дар поёни мулоқт хонум Сяодҷин барои ин дидор ва суҳбати муфид, маълумоти пурраву фарогир дар мавриди корҳое, ки КҲФ анҷом додааст, изҳори сипос намуд ва хостори дастгирии иртиботҳои илмии оянда ва роҳандозии мулоқотҳои якҷоя дар мавриди масъалаҳои зарурӣ шуд.

барчасп: