Наҷотдиҳандагони КҲФ дар рӯзҳои истироҳат се шаҳрвандро наҷот доданд

Боз се шаҳрванд – ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд, ки дар Сирдарёи шаҳри Хуҳанд ғарқ мешуданд, аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд наҷот дода шуданд.

Шаҳрвандон дар мавзеи манъшуда оббозӣ карда, ба гирдоб афтиданд. Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали Раёсати КҲФ, ки ҳамарӯза ба гаштзании соҳилҳои дарё машғуланд, сари вақт ба ёрӣ расида омаданд.

Кумита бори дигар ба шаҳрвандон бо хоҳиши риояи қоидаҳои бехатарӣ  ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар наздикии ҳавзу дарёҳо муроҷиат менамояд. Ба кӯдакон таваҷҷуҳи махсус диҳед, онҳоро бе назорат намонед!

барчасп: