Наҷоти 100 нафар ва 15 ҳазор сар чорвои сокинони Пакшиф дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Сад нафар сокинони як русто дар Кӯҳистони Масчо бар асари хароб шудани пули иртиботиашон ба хатар рӯ ба рӯ шуданд. Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳӣ дар минтақаи Зарафшон ва Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия Мастчо ба кумак расиданд ва бо истифода аз заврақҳои резинӣ онҳоро бо маводи ниёзи аввалия ва масолеҳи сохтмон ҷиҳати барқарор намудани пули харобшуда таъмин карданд.

Ҳавои гарму хушк сабаби об шудани барфҳо шуд ва муҷиби он гардид, ки сатҳи об дар рӯдхонаҳо афзоиш ёбад. Бар асари болоравии сатҳи оби дарёи Ғориф, дар наздикии ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт, ки ҳамммарз бо деҳаи Пакшифи Мастчои Кӯҳии вилояти Суғд мебошад, пули ягонаи ин русто хароб гардид. Дар натиҷа 100 нафар сокинони деҳаи Пакшиф бо 15 ҳазор молашон аз иртибот дур монданд.  

Барои гузаронидани корҳои садамавиву наҷот гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон ва кормандони Шуъбаи Кумита дар ноҳияи Мастчо ҷалб гардиданд. Онҳо бо ёрии таҷҳизоти вижаи кӯҳӣ ва заврақҳои резинӣ 22 мутахассис ва 4 тонна ашёи ниёзи аввалия, ҳамчунин васоили сохтмон барои роҳандозии корҳои барқарорсозии пули харобшударо интиқол доданд. 

Дар айни замон корҳои барқароркунии пул идома доранд.

 Сокинони ин русто аз ёрии бедареғу фаврии кормандони наҷоти Кумита ба сутуҳ омаданд ва дар як номаи фаврӣ барои ин кумакҳо ва дар вазъи ногувор дар паҳлуи ниёзмандони қарор гирифтани кормандони КҲФ изҳори сипос кардаанд.

Ин ҷумлаи пур аз меҳр аз ҳамин нома аст:   «Миннатдории моро барои вокуниши фаврӣ ва ёрии саривақтӣ, ҳамчунин ҷасорату бебокӣ бипазиред”.

барчасп: