Наҷоти ронанда дар садамаи Ширговад: ҲАМКОРИИ ГАРДИШГАРОН ВА ИДОРАИ НАҶОТИ ИМА

Бар асари як амалиёти муштараки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии кишвар ронандаи мошини сабукрави тамғаи “Шамси” Юнусов Файзулло Абдулҳақовичи 53-сола, ки миёни деҳаҳои Ширговад ва Дуршеди, наздикии рӯди Ванҷоб ба садама дучор шуда буд, наҷот доданд ва ӯро фаран ба бемористон интиқол доданд.

Ин ҳодиса рӯзи 13-уми июл рух дод ва тавре дафтари матуботии ВКД иттилоъ додааст, ду гардишгари хориҷӣ аввал аз тариқи иртиботи маҳвораӣ ба Амсрико хабар додаанд ва аз Амрико созмони масъул ба корҳои наҷот ба телефони боварии вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода занг задаву хабарро расондаанд.

Дафтари матуботии Вазорати корҳои дохилии мамлакат дар идомаи хабар навиштааст, ки ба муҷарради расидани хабар ва дақиқ шудани ҷойи ҳодса муовини Фармондеҳи Раёсати қушунҳои дохилии ВКД полковник Раҳмонзода Рустам маълум кардааст, ки аллакай кормандони фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шудаанд.

Ин манбаъ ҳамчунин мегӯяд: Маълум карда шуд, ки дар ноҳияи Ванҷ миёни деҳаҳои Ширговад ва Дуршед, наздикии дарёи Ванҷоб  ронандаи автомашинаи тамғаи «Шамси», рақами қайди давлатиаш 139 ХВ 03, ядак 1017 АА 03, Юнусов Файзулло Абдулҳақович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст. 
Ҳолати мазкурро 2 нафар сайёҳи хориҷӣ, шаҳрвандони Голандия Курч Крайкер ва Камир Бурчуш мушоҳида намуда, ба ронандаи автомашинаи мазкур кӯмаки аввалиндараҷа расонида, ба воситаи мавҷи спутникии GPRS ба ИМА барои кӯмак хабар додаанд.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия ба ронанда Юнусов Ф.А. кӯмак расонида, ӯро ба беморхонаи ноҳияи Ванҷ дастрас намудаанд, ки номбурда айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.
 Манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корманди Ташкилоти вобаста ба гузаронидани корҳои наҷотдиҳии Амрико ҷаноби Алихандро ва шаҳрвандони Голандия Курч Крайкер ва Камир Бурчуш барои ҳамкорӣ ва расонидани кӯмаки аввалиндараҷа ба ронандаи автомашинаи мазкур изҳори сипос кардааст.  

Маврид ба ёдоварист, ки ҳамкории ҷаҳонгардон ва идораи наҷоти як кишвари қудратманди олам барои наҷоти ҷони як сокини Тоҷикистон собиқа надошт. Тавре Саъдии бузургвор фармуда:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Гардишгарон, ки худ шумораи телефонҳои идораҳои наҷоти Тоҷикистонро намедонистаанд, хостаанд ин кумакро аз тариқи кишвари дигар анҷом диҳанд. Ва ин кишвар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд.

барчасп: