Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои гарм то охири моҳ боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то охири моҳи июли соли равон дар аксар қаламрави кишвар (ба ҷуз ВМКБ)  ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад. Ҳаво дар ин рӯзҳо то 44 гарм хоҳад буд.

Гармои шадид  маъмулан сабаби об шудани барфу пиряхҳо дар навоҳиву манотиқи кӯҳӣ мешаванд ва ин обшуданҳо ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо сабаб мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг низ эҳтимол дорад.

 Дар қисматҳои ҷануб ва ҷанубу ғарби кишвар эҳтимоли хатари зуҳуроти агрометеорологӣ – “хушкии замин” вуҷуд дорад. Шароитҳои номусоиде барои тавсеаи зироатҳои кишоварзӣ ба вуҷуд омадааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд, ба парвариши зироатҳо диққати махсус диҳанд, ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ низ эҳтиёт кунанд. 

Ҳамчунин Кумита аз шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз будубошҳои  безарурат дар кӯча ва зери унри офтоб худдорӣ варзанд. Либоси рангаш рушан ба бар кунед, дар сар ҳатман кулоҳи сабук дошта бошед, бештар аз ҳар вақти дигар об истеъмол намоед. 

Ҳамгоми истироҳат ва оббозӣ эҳтиёт кунед, бачаҳоро беназорат нагузоред!!!

Дар ҳоли ҳодисаҳои нохӯш бо телефонҳои:

  93-880-28-19;

 223-13-11 ва ё

 112

ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳед!

барчасп: