Анҷоми мусобиқаи футболи хурд дар Хоруғ: Тими Раёсати КҲФ пирӯз эълон шуд

Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 25-умин солгарди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид, ки дар он тими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят ширкат варзиданд.

Дар мусобиқаи финалӣ тими Раёсати КҲФ дар ВМКБ ва Раёсати давлатии хадамоти зиддисӯхтори ВКД дар ВМКБ бо ҳам қувва озмуданд. 

Ва дар поёни бозӣ маросими тантанавии анҷоми мусобиқа баргузор шуд, ки дар он Ҷонишини Раиси Ҳукумати вилоят А.Мирзонаботов иштирок намуда, ба ғолибон туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо супурд. 

Барои пирӯзӣ дар мусобиқот тими Раёсати КҲФ дар ВМКБ соҳиби Ҷоми Кумита шуд.

Ҷойи дуюм насиби тими Раёсати давлатии хадамоти зиддисӯхтори ВКД дар ВМКБ гардид ва ҷойи сеюм ба тими Ташкилоти мададгори мудофиаи вилоят тааллуқ гирифт. 

барчасп: