Ширкат дар Ҷаласаи минтақавии сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷаласаи минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник М.Салимзода ширкат намуд.

Дар ин ҷаласа сарварони ва намояндагони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон, Узбекистон, намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои дахлдор иштирок карданд.

Дар ҷараёни кори Форуми минтақавӣ асноде оид ба ташкили рӯйхати  таҳлилгарон дар самти мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ, коҳиши хатари офатҳо, ташкили нерӯҳо ва воситаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи наздимарзӣ баррасӣ ва қабул гардид. 

Ҳамчунин татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосҳои Қолабии таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2018-2020, ки соли гузашта дар шаҳри Олмаато қабул шуда буд,  мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

барчасп: