Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коллективҳои меҳнатӣ пайваста вохӯриҳо мегузаронанд. Ин гуна дидору мулоқот аксар вақт дар шакли муколама доир мешавад. Шаҳрвандон ба ҳама суолҳои худ роҷеъ ба масъалаҳои амнияту бехатарӣ ва муқобилият бо офатҳои табииву ҳолатҳои фавқулода посух мегиранд.
Чунончӣ, 11-уми июли соли 2019 кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон бо кормандони корхонаи кимиё, ки дар Тоҷикистон калонтарин корхона дар тавлиди нуриҳои минералӣ ба шумор меравад, дарс гузарониданд.
Мавзуи асосии суҳбатҳо “Риояи чораҳои бехатарӣ дар иншоотҳои обие, ки одамон гурӯҳиву ҳамагонӣ ба тафреҳ мераванд”, “Низоми амал дар ҳолатҳои фавқулода” ва “Расонидани ёриҳои аввалин ба зарадидагон” буданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба ширкаткунандагон дар бораи ҳама навъу гунаҳои офатҳои табиӣ, ҳодисаҳои нохуш маълумот дода шуда, қоидаҳои амал дар ин гуна ҳолатҳо аз нигоҳи назариявӣ ва амалӣ нишон дода шуданд. Ҳамчунин кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар бораи истифода аз ҷазоҳои маъмуриву ҷиноӣ ба вайронкунандагони талаботҳои бехатарӣ нақл карданд.
Ба ҳамаи ширкаткунандагон кормандони КҲФ ёддошти иттилоотӣ дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ дар махзанҳои об тақсим карданд.