Ҷаласаи татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо дар шаҳри Душанбе

24 июли соли 2019 дар доираи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо “мизи муддавар” бо ширкати намояндагони 14 вазорату идораҳо ва 10 созмони байналмилалии муқими Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори ин ҷаласа Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант  Назарзода Р. иштирок намуд.

Дар рафти “мизи муддавар” рӯнамои корҳои анҷомшудаи Лоиҳа дар нимсолаи аввали соли 2019 ва иқдомҳои баъдии татбиқи он баргузор шуд. 

Зикр гардид, ки барои таҳкими зарфиятҳои идораи офатҳои табиӣ ва баланд бардоштани устувории онҳо моделсозии хатари офатҳо, навсозии харитае, ки дар он минтақаҳо нишон дода мешавад, гузаронида хоҳад шуд. 

Ғайр аз ин дар доираи ин тарҳ системаи иттилоотии идораи офатҳои табиӣ ва системаи огоҳсозии бармаҳал, ташкили давраҳои омӯзишӣ, таҳлили эҳтимолияти рахна шудани кӯли Сарез, густариши системаи мониторинг ва огоҳсозии бармаҳал то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон сохта  мешавад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар доираи лоиҳа барои такмили Хадамоти зидди жолаи Кумита кумак расонда хоҳад шуд. 

барчасп: