9 – уми июли соли 2019 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Назарзода Р. ҳайати Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо бо сарварии хонум Тасним Ататраро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари КҲФ дар сухани ифтитоҳии мулоқот ба густариши ҳамкориҳо миёни ду сохтор дар самти пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода таъкид намуд.
Дар ҷараёни мулоқот меҳмонон ба фаъолиятҳои КҲФ дар ҳимояи аҳолӣ ва қаламрав аз ҳолатҳои фавқулода ошно карда шуданд, ҳамчунин имкониятҳои таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба бо Бюрои аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ барарсӣ гардиданд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби воҳидҳои ихтиёрӣ дар чорабиниҳои муштарак таъкид карданд.