Дар Нигерия бар асари чаппа шудани як бино 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Чор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд ва ҳоло дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар ин бора ширкати телевизионии CNN истинодан ба хадамоти маҳаллии бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода хабар дод.
Дар хабари дигар гуфта мешавад, ки наҷотдиҳандагон ҷони 7 нафарро аз хатар наҷот додаанд ва онҳоро аз зери хоку сангтӯдаҳои бинои фурӯрафта берун овардаанд.
Дар айни замон корҳои наҷот ба анҷом расидаву мақомот сабабҳои фурӯравии биноро тафтиш мекунанд.
Нигерия ё Ҷумҳурии Федералии Нигерия як кишварест дар ғарби Африқо. Пойтахташ шаҳри Абуҷа буда, калонтарин шаҳри дигари он Лагос ном дорад. Ин кишвар 195 миллион нафар аҳолӣ дошта, забони расмиву давлатии он ангисӣ мебошад. Аз ҷумлаи пурҷамъияттарин кишварҳо дар қораи Африқо маҳсуб мешавад.