Ин ҳодиса рӯзи 17 июли соли равон дар майдони амудии кони №8 мутааллиқ ба Ҷамъияти саҳҳомии Кушоди “Ангишт”-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд рух дод. Панҷ нафар кормандони взводи ҳарбии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муҳандиси минтақавии роҳандозии корҳои пешгирӣ аз ҳаводиси нохӯш А.Эшонбобоев ва фармондеҳи взводи наҷоти кӯҳӣ И.Маликов чаҳор тан кӯҳканҳои дар умқи 270 метр дармондаро берун оварданд ва ҷонашонро аз хатар наҷот доданд
17 июли соли равон дар майдони амудии кони №8 мутааллиқ ба Ҷамъияти саҳҳомии Кушоди “Ангишт”-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳодисаи садамаи пурхавфу хатар рух дод.
Барои муайян намудани сабабҳои садама ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ба ҷойи ҳодиса фавран 5 нафар кормандони взводи ҳарбии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муҳандиси минтақавии роҳандозии корҳои пешгирӣ аз ҳаводиси нохӯш А.Эшонбобоев ва фармондеҳи взводи наҷоти кӯҳӣ И.Маликов эъзом гардиданд.
Дар аввалин бозрасӣ маълум гардид, ки сабаби ин ҳодиса канда шудани қубури махзани интиқоли оби кони рақами 8 аз қубури гармидиҳанда будааст. Дар натиҷаи фалокат қубур ба чоҳи кон сарозер шудааст ва роҳи хуруҷи ангиштканонро, ки ин замон дар дохил буданд, бастааст.
Дар натиҷаи роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аз ҷониби наҷотдиҳандагони кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд аз умқи 270 метр 4 кӯҳкан наҷот дода шуданд.